Вазири нерӯи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон дар фасли зимистон ҳудуди 500 меговат барқ ба Тоҷикистон содир хоҳад кард.
Ба гузориши хабарнигори Садо ва симо, Маҷиди Номҷӯ, вазири нерӯи Эрон рӯзи якшанбе пас аз ифтитоҳи нуҳумин нишасти муштараки ҳамкориҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон афзуд: Дар тавофуқномаи муштарк бо Тоҷикистон, дар сурати иҷрои тарҳи хатти интиқол, барқи изофии Эрон дар фасли зимистон ниёзи мардуми Тоҷикистонро таъмин мекунад ва дар фасли тобистон низ метавон аз барқи ин кишвар барои таъмини ниёзи Эрон истифода кард. Номҷӯ дар бораи раванди иҷрои тарҳҳои муштарак дар Тоҷикистон низ гуфт: Бахше аз тарҳҳои сохтмони тунели Истиқлол, ба итмом расид ва бо дархости Тоҷикистон сохтмони дигар бахшҳои боқимонда низ ба Эрон супурда шуд. Вазири нерӯи Эрон афзуд: Корҳои сохтмонии қисмати дувуми нерӯгоҳи Сангтуда 2 дар Тоҷикистон низ пас аз мушаххас шудани масоили молӣ ва қарордодӣ оғоз мешавад. Вай сохтмони корхонаҳои семент, дастгоҳи шуморишгар ва лампи каммасрафро аз дигар тарҳҳои муштарак донист ва гуфт: Корхонаи семент ба дасти мутахассисони эронӣ сохта ва ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.
Вазири нерӯи Эрон дар бораи тарҳҳои муштараки интиқоли оби ширин аз Тоҷикистон ба Эрон ҳам гуфт: Бар асоси санади дӯстие, ки байни се кишвари Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон имзо шуд, қарор аст пас аз ташкили кумитаҳои тахассусӣ, як миллиард метри мукааб оби ширин ба Эрон расонда шавад.