Талоши Тоҷикистон барои узвият дар фазои воҳиди иқтисодӣ ва иттиҳоди гумрукӣ, яке аз далоили афзоиши фишори Узбакистон ба ин кишвар аст.
Александр Гарбатов, мудири маркази пажуҳишии "Шарқ - марказ" ва коршиноси гурӯҳи иқтисодии Русия ва Осиё, бо эъломи ин суханон, дар ҳамоиши "Идеологияи иттиҳоди Авруосиё" дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ба амалӣ шудани фазои воҳиди иқтисодӣ ва иттиҳоди гумрукии миёни Русия, Белорус ва Қазоқистон аз оғози соли 2012 ва тарҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, бинобар зарурати эҷоди иттиҳоди Уруосиё ишора кард ва тамоюли Тоҷикистонро барои пайвастан ба ин сохтор, далели афзоиши фишорҳои Узбакистон ба ин кишвар, ба баҳонаи хатарҳои ниругоҳи барқи обии Роғун ба муҳити зист, хонд.
Ин коршиноси рус сабаби тамоюл надоштани Узбакистонро барои мушорикат дар тарҳҳои ҳамгароии минтақаӣ, қарор гирифтани ин кишвар таҳти нуфузи Амрико унвон кард, чунки Вашингтон бо эҷоди иттиҳоди Авруосиё дар минтақа ба шиддат мухолиф аст ва ин иқдомро таҳдиде бар зидди манофеи худ медонад.