Ноширони Афғонистон аввал шуданд,ноширони мо чӣ?!

Хабари хуб 25.05.2012 16:42

vistafkai_ironБино ба иттилои расонаҳои хабарии форсӣ ғурфаи Афғонистон дар биступанҷумин намоишгоҳи байнаюлмилалии китоби Теҳрон, дар байни 77 кишвари ширкаткунанда, мақоми якуми намоишгоҳ, дар бахши байналмилалиро аз они худ кардааст. 

Ба гузориши Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Ройзании фарҳангии Ирон дар Кобул барои иҷро намудани тафоҳумномаи байни вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ирон ва вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, ки дар соли гузашта ба имзои вазирони ду кишвар расид, барои пурранг намудани ҳузури дастандаркорони нашр ва чоп, ҳамкории хубе дар фиристодани ноширони ин кишвар дошт. Асадуллоҳ Амирӣ, ройзани фарҳангии Афғонистон дар Ирон, ба намояндагӣ аз Афғонистон, тандис ва лавҳи ёдгори намоишгоҳро аз Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини якуми раиси Ҷумҳурии исломии Ирон дарёфт кард.

Дар биступанҷумин намоишгоҳи байнаюлмилалии китоби Теҳрон, 2451 ношири дохилӣ, бо маҷмӯи 207170 унвон китоб ва 1600 ношир, аз 77 кишвари ҷаҳон, бо 26600 асар, бузургтарин рӯйдоди фарҳангии Ховари Миёнаро дар шаҳри Теҳрон ба вуҷуд оварданд. Дар бахши ноширони дохилии Ҷумҳурии исломии Ирон низ интишороти "Сураи меҳр" ба мақоми аввал расид.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97