Дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон Қонун дар бораи мороторияи санҷиш ё бозрасии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ қабул шуд. Бар асоси ин қонун фаъолияти корхонаҳои истеҳсолие, тоза таъсис шуда ё таҷҳизоти муосир ворид мекунанд, ба муддати 3 сол бозрасӣ ва тафтиш нахоҳад шуд. Ҳамчунин, бар асоси Қонуни ҷадиди "Мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ", ки рӯзи чоршанбеи 23 май, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, ин гуна имтиёз ба корхонаҳое низ тааллуқ мегирад, ки 50 дар сади таҷҳизоти фаннии худро навсозӣ кардаанд.
Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи давлатии амволи Тоҷикистон, ҳадафи аслии тасвиби ин санади ҳуқуқиро "ба ҷилавгирӣ аз санҷишҳои беасос, рушди соҳибкорӣ, боло бурдани истеҳсолот, ғанӣ сохтани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва эҷоди ҷойҳои нави кор" марбут хонд.
Ба гуфтаи оқои Саидов ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои 2008-2010 барои санҷиши фаъолияти корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкори хурду миёна таълиқ эълом шуда ва ин амр ба тавсеъаи бахши соҳибкорӣ, корхонаҳои тавлидӣ ва эҷоди ҷойҳои нави кор мусоидат кардааст.
Ҳамакнун, Қонуни ҷадиди "Мораторияи санҷишҳои фаъолияти ниҳодҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ" бароиба таъхир андохтани санҷишу бозрасии фаъолияти корхонаҳои тавлидӣ ва ниҳодҳои воридкунандаи техологияи муосир заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шуда ва ин раванд аз чорчӯби муддати замонӣ раҳо шудааст.
Дар назар аст, ба манзури назорати иҷрои ин санад аз ҷумлаи кормандони масъули вазоратҳои молия, рушди истиқоду тиҷорат, кумитаҳои сармоягузорӣ ва идораи давлатии амвол, молиёт, гумрук ва ниҳодҳои дигари зирабт Камисиюни давлатӣ таъсис шавад.
Ҳамзамон, тибқи моддаҳои 6 ва 7-и ин санад "дар заминаи истифода аз маводди доруворӣ, риояти қонунгузории зиддиинҳисорӣ, таъмини ҳифзи ҳаёти кормандон, таъмини бехатарии молу мулк ва пардохти молиёт санҷиш ё бозрасии пешгирикунанда анҷом шуда ва аз натоиҷи онҳо ба мақомоти дахлдор маълумот дода шуда, аммо ҷарима ситонда намешавад."
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунист ва намояндаи порлумон ба шаффоф ва воқеъбинона будани раванди вуруди техологияи мудерн ба Тоҷикистон тардид кард.
Ба гуфтаи оқои Шабдолов, дар Тоҷикистон мавридҳои аз тариқи пардохти ришва ба ниҳодҳои гумрукӣ ворид кардани таҷҳизоти кӯҳна ба мушоҳида расида ва ин гуна тоҷирон ё корхонаҳо аз пардохти молиёту боҷи гумрукӣ муъоф мешаванд.
Ӯ пешниҳод кард, дар қонуни ҷадид бояд ниҳоди вижа, ки вуруди технология муосир ба Тоҷикистонро назорат мекунад, мушаххас шавад. То аз мавридҳои тақаллубкорӣ ва фиребгарӣ дар ин замина ҷилавгирӣ шавад.
Зимнан, бар асоси қавонини Тоҷикистон, феълан корхонаҳою муассисоте, ки таҷҳизоти муосир ворид мекунанд, аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод ҳастанд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои фақиртарин дар минтақа маҳсуб мешавад ва аксари маводу колои мавриди ниёзи мардум аз хориҷ ворид мешавад.
Коршиносон мегӯянд, ба далели камбуди энержӣ ба хусус дар фасли зимистон корхонаҳои тавлидӣ дар ин кишвар осебпазир будаанд ва ин амр боъис шуда бахши тавлидот рушди кунде дошта бошад.
Адами ҷойҳои кофии кори пурдаромад барои мардум, ки боъиси муҳоҷирати фазояндаи мардум ба хориҷи кишвар барои дарёфти даромад шудааст, аз нуқоти заъфи сиёсатҳои иқтисодии давлати Тоҷикистон буда, ки онро дар муқобили интиқодот осебпазир кардааст.
www.ozodi.tj