Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи кишварамон дар Амрико бори дигар бар мухолифати Тоҷикистон бо таҳримҳо алайҳи Ирон таъкид кардааст.
Вазири хориҷа рӯзи 17 май дар Донишгоҳи ҷонз Ҳопкинз дар шаҳри Вашингтон зимни суханрониаш дар мавзӯъи "Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дар пасманзари соли 2014" ин масъаларо ба миён гузоштааст.
Ба иттилои хабаргузориҳои Русия, Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронияш дар ин ҷаласа дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа суҳбат кардааст. Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон бо ҳама гуна таҳримҳо алайҳи Ирон мухолиф аст: "Ирон Ироқ ё Афғонистон нест. Ин як давлати муқтадир ва нируманди дорои ҷамъияти бисёр таҳсилкарда аст." Вазир таъкид кардааст, ки масъалаи Иронро бояд фақат аз роҳи музокироти дипломатӣ ҳал кард, зеро "таҳримҳо дар тасмимгирии давлати Ирон таъсири чандоне нахоҳанд дошт. Мо бо ҳама гуна таҳримҳо алайҳи Ирон мухолифем, зеро ин амр фақат мардуми одиро дар азоб мегузорад."
Хабаргузории ИТАР-ТАСС ба нақл аз Ҳамрохон Зарифӣ овардааст: "Ирон шарике мураккаб аст, аммо ин кишвар ҳаққи истифода аз энержии атомӣ бо ҳадафҳои сулҳомез ва ҳадафҳои илмиро дорад."
Ҳамрохон Зарифӣ ба хотири дидору гуфтугӯ бо мақомоти амрикоӣ ва ширкат дар ҳамоиши солонаи НАТО дар Чигако, ба Иёлоти Муттаҳида рафта буд. Бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи нируҳои амрикоӣ аз Афғонистон то соли 2014, кишварҳои Осиёи Миёна барои бори нахуст ба ҳамоиши НАТО дар Чикаго даъват шудаанд.
Мақомоти давлатҳои Осиёи Марказӣ аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки имкон дорад хуруҷи нируҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба фаъол шудани гурӯҳҳои бунёдгаро ва терорист дар ин кишвар боис шуда ва ин вазъ амнияти кишварҳои минтақаро ба хатар андозад.