Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ФБҶ СС ва ҲА ба зарардидагони зилзила ёрӣ мерасонанд

Хабари хуб 22.05.2012 13:26

Tavildara_0111Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорияш (ДРЕФ) ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати ироаи маводи ғайриғизоӣ, асбоби сохтмонӣ, ёрии равонӣ ва маводи иттилоотии марбут ба огаҳӣ аз офатҳо ба мардуми осебдида аз зилзила дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тавилдара мусоидат менамояд.

Дар чаҳорчӯбаи ин ёрӣ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 558 хонадон (3,38 нафар) ёрӣ мерасонад. Ин ёрӣ, аз ҷумла, аз ироаи маводи ғайриғизоӣ ба 86 хонадони осебдида, захираи дубораи анборҳои ҶҲАТ бо маводе, ки аллакай ба 110 хонавода тақсим гардид, ва ироаи асбоби сохтмонӣ ба ҳамаи ин 196 хонавода иборат аст. Дар чаҳорчӯбаи ин фаъолият, ҳамчунин ба ҳамаи 558 хонадон, ки аз зилзила ва ларзишҳои пас аз воқеа таъсири равонӣ бардоштаанд, ёрии равонӣ-иҷтимоӣ расонида мешавад. Таҳия ва тақсими маводи иттилоотӣ оид ба огаҳӣ аз офатҳо ҳам шомили ин барнома аст.

Дар натиҷаи зилзилаи шадиде, ки субҳи барвақти 13-уми майи соли 2012 рух дод, 22 деҳа дар се ноҳия дар шарқи Тоҷикистон зарар диданд. ҶҲАТ бо ёрии Федератсияи байналмилалӣ аз соатҳои нахустини офат фаъолияти вокуниширо оғоз намуд. Феълан, 50 узви Кумитаҳои маҳаллии вокунишӣ аз ҳар се ноҳияи зарардида ва 8 узви Гурӯҳи миллии вокуниш ба офатҳо дар минтақа фаъоланд. Кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ дар минтақа ба муайян кардани ҳаҷми хисорот ва ниёзҳои осебрасидаҳо ва ироаи ёрии аввалу ёрии равонӣ машғуланд.

Рӯзи 16-уми май дабири кулли ҶҲАТ ва раҳбари намояндгаии Федератсияи байнулмилалӣ барои танзими фаъолияти ҶҲАТ ба ноҳияи Тавилдара сафар карданд ва бо мақомоти маҳаллӣ вохӯрданд. Эрик Мишел-Селйе, раҳбари намояндагии Федератсияи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, “Мардум манзилҳо ва дороиҳои худро дар натиҷаи офат аз даст додаанд. Мо ҳам дарди ин мардумро ҳис мекунем ва онҳоро дар ин рӯзи мушкил ҳаққи танҳо гузоштан надорем. Чун Ҳукумати Тоҷикистон маводи ғизоворӣ ва хаймаҳо мерасонад, мо тасмим гирифтем, ки мардуми осебдидаро бо маводи ғайриғизоӣ ва асбоби сохтмонӣ таъмин кунем. Чун маводи ғайриғизоӣ мегӯем, мо кӯрпаву кӯрпача, рахти хоб, матрас, болишт, зарфҳои обгирӣ, сатил, таҷҳизоти ошхона, бастаҳои беҳдоштӣ (гигиенӣ) ва амсоли инро дар назар дорем. Ин ҳTavildara_02ама мавод аллакай ба маҳалли офат ирсол гардидааст”.    

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба маҳалли офатзада дар таърихи 16-уми майи соли равон, аз раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА ва муовини дабири кулли ҶҲАТ оид ба ёриҳои тарҳрезишудаи ин созмонҳо ба осебдидаҳо пурсон шуд. Бо дарёфти маълумот оид ба ёриҳое, ки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Намояндагии Федератсияи байнулмилалӣ ироа кардаанд ва ёриҳое, ки ба нақша гирифтаанд, раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва аз ин созмонҳо даъват кард, то дар мавриди расонидани ёрии равонӣ ба мардуми зарардида бештар иқдом варзанд.

Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97