Ҳиларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар сафар ба Ҳинд аз мақомоти ин кишвар хост, ки аз харидории нафти Эронро коҳиш диҳад.
Тибқи иттилои расонаҳо хонум Клинтон изҳор дошт, ки мо ба ин боварием, ки Эрон бидуни фишор ва таҳрим сари мизи музокира нахоҳад нишаст. «Мо бовар надорем, ки мушкилот дар бораи Эрон ба сурати мусолиҳатомез ҳал хоҳанд шуд, балки танҳо амалҳои фишор бар ин кишвар мушкилкушо хоҳад буд.Бо ин далелҳо аз Чин, Ҳинд, Ҷопон ва кишварҳои аврупоӣ, ки харидорони аслии нафти Эрон ҳастанд, дархост мекунем, ки бо коҳиши хариди нафти доимӣ ва фишорҳо болои ин кишвар ба мо кӯмак кунанд», гуфтааст ӯ.
Вазири умури хориҷаи Амрико иброз дошт, ки ИМА боз, даври тозае аз таҳримҳоро дар охирҳои моҳи ояндаи мелодӣ алайҳи сохти нафти Эрон ба роҳ хоҳад монд. Дар пайи таъкидҳои худ баён доштааст, ки барои ҷуброни нафти Эрон дар бозори ҷаҳонӣ, Арабистони Саъудӣ ва тамоми кишварҳои тавлидкунанда, бояд нафти бештаре ба бозор бароранд. Бояд зикр кард, ки Чин, Ҷопон ва Ҳинд истеъмолкунандагони асосии нефти Эрон ба шумор мераванд ва дар сурати коҳиш додани харидории нафт ба иқтисодиёти Эрон метавонад хисорот ворид кунад.