Ба гузориши хабаргузории «Меҳр»-и эронӣ, Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи панҷшанбеи 17-уми май ҳазфи (гирифтан) номи Халиҷи Форс дар нақшаи Google-ро «бозӣ бо эҳсосот ва воқеияти мардуми Эрон» донист ва ҳушдор дод дар сурате, ки Google аз номи Халиҷи Форс истифода накунад, аз ин ширкат шикоят хоҳад кард.
Вай гуфт: «Бозича қарор додани фанновариҳои навин дар мубоҳисаҳои сиёсӣ, аз ҷумлаи иқдомоти ҷадиди душман бар зидди Эрон аст, ки дар ин росто Google бозича қарор гирифтааст.»
Дар ҳоли ҳозир номи Халиҷи Форс дар нақшаҳои Google ба чашм намехӯрад ва дар барномаи Google Earth низ ду номи Халиҷи Форс ва Халиҷи Арабӣ истифода шудааст.
Яке аз намояндагони ширкати Google дар посух ба пурсише дар мавриди сабаби қарор надодани номи Халиҷи Форс дар харитаи Google Maps ба шабакаи ҷаҳонии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, ки ин ширкат «номи ҳама нуқоти ҷаҳонро бар рӯи нақшаҳои худ қарор намедиҳад». Бо ин ҳол вақте, ки хабарнигори ББС аз ин намояндаи Google хост то мавориди дигаре аз маконҳои ҷуғрофиёии бидуни ном дар нақшаҳои Google Maps-ро ном бубарад, вай дар посух оҷиз монд.
Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон
Дарҷ нашудани номи Халиҷи Форс дар нақшаи Google эътирозҳои зиёди эрониҳоро ба бор овардааст. Дар ҳоле, ки бархе аз кишварҳои арабӣ дар солҳои ахир исрор ба истифодаи номи дигар барои Халиҷи Форс доштаанд, Эрон ҳамеша ба номи ин минтақа ба унвони Халиҷи Форс таъкид доштааст ва нақшаҳои қадимӣ ҳам иддаои Эронро собит мекунад.
Ба навиштаи рӯзномаи бритониёии «Гордиян», номи Халиҷи Форс дар сатҳи байналмилалӣ низ маҳали муноқиша нест ва СММ ва кишварҳои ғарбӣ ба ин минтақа бо номи Халиҷи Форс ишора мекунанд. Аммо кишварҳои арабӣ маъмулан аз унвони дигаре истифода мекунанд ва бисёре аз расонаҳо низ барои худдорӣ аз муноқиша, танҳо аз вожаи «халиҷ» истифода менамоянд.