Ҳизби халқӣ демократи Тоҷикистон (ҲХДТ) тадорукот барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013-ро оғоз кардааст.Усмон Солеҳ, масъули бахши иттилоъотии ин ҳизб, мегӯяд, ки ҳайъати раҳбарии ҲХДТ ният дорад, аз нав Эмомалӣ Раҳмонро ба ин интихобот номзад кунад. Ин масъули бахши иттилоотии ҲХДТ гуфт, ки фаъолиятҳои таблиғотии ҲХДТ барои омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло масъулони ин ҳизб талош доранд, то сафи ҲХДТ-ро аз ҳисоби аъзои нав афзоиш диҳанд. Ин амалро ба он шарҳ медиҳанд, ки бояд доираи электорат ё ҳайъати интихобкунандагони ҳизб васеъ шавад. ҲХДТ дар ин авохир ба он талон дорад, ки дар манотиқи мухталифи кишвар ба масоили иҷтимоъии мардум расидагӣ кунад.Усмон Солеҳ афзуд, ки тайи чанд моҳи нахусти фаъолияти созмони "Созандагони ватан", ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ, ҳудуди 100 ҳазор нафар аз ҷавонон шомили ин созмон шудаанд.Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, раҳбари ҲХДТ низ ҳаст ва тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вай аз ҳаққи интихоб шудан ба симати раиси ҷумҳурӣ барои ду давраи ҳафтсола бархурдор аст.
Усмон Солеҳ мегӯяд, ки тасмими расмии ҲХДТ дар бораи пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар интихобот дар анҷумани ин ҳизб, ки қарор аст дар миёнаҳои соли оянда баргузор шавад, гирифта хоҳад шуд.Анҷумани ҳизб чанд моҳ қабл аз интихобот доир мешавад. Шояд интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр баргузор шавад.
Агар Эмомалӣ Раҳмон номзади интихоботи соли 2013 шавад, ин барои бори чаҳорум аст, ки ӯ раиси ҷумҳур мешавад. Таърихи 20 соли истиқлоли Тоҷикистон ду президенти кутоҳумр: Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев ва як президенти дарозумр: Эмомалӣ Раҳмонро, ки беш аз 19 сол аст зимомати кишварро дар даст дорад, сабт кардааст. Дар ин миён ҳамчунин ду нафари дигар - Қадриддин Аслонов ва Акбаршоҳ Искандаров низ ба сурати муваккат сарпарастии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчун раиси Шӯрои олӣ дар муддати кутоҳе дар солҳои 1991 ва 1992 ба уҳда доштанд.