Қарор аст 15-уми май дар Маскав нишасти сарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастиҷамъӣ баргузор шавад.
Ба иттилои Шӯрои амнияти Тоҷикистон, масъалаи саммити раҳбарони кишварҳои узви СПАД ё ОДКБ дар нишасти вазирони умури хориҷии ин кишварҳо рӯзи панҷуми апрел дар Остона баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин дар назар аст, дар моҳи майи соли ҷорӣ аз даҳсолагии таъсиси ин созмон ва ҳамчунин бистсолагии имзои Созишномаи паймони амнияти дастҷамъӣ таҷлил карда мешавад.
Дар созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ 7 кишвар - Арманистону Беларус, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвият доранд. Паймони амнияти дастиҷамъӣ соли 1993 миёни бархе аз кишварҳои шӯравии пешин дар Тошканд ба имзо расида буд. Аммо дар соли 1998 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк намуд. Тошканд дубора ба ин созмон пас аз таннафусе баргашт.