Намояндагони ширкати мобилии «МегаФон Тоҷикистон» рӯзи 3 апрел ба идораи нашрияи «Миллат» ташриф оварда, аҳли қалами нашрияро бо иди ҷаҳонии Наврӯз табрик гуфтанд.
Ҷавоне дар нақши Наврӯз ҳамроҳ бо Баҳор маликаи наврӯзии ин ширкат кормандони «Миллат»-ро бо ҳадяҳои сабзи худ, аз ҷумла суманак ба соли нави ниёконамон табрик карданд.
«Мегафон Тоҷикистон» бо таваҷҷуҳ ба хидматрасонии хубу дастрас робитаи хешро бо ҳамаи ақшори ҷомеаи кишвар ба роҳ бимонад.
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳамчунин ҳамкории судманд бо бештари расонаҳо ва хусусан бо нашрияи «Миллат» барқарор карда, дар зиндагии мадании кишвар саҳми босазое дорад. Муҳимтар аз ҳама ин ширкат бештар талош дорад, ки ба арзишҳову суннатҳои миллии тоҷикон арҷ бигузорад. Аз ин рӯ ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро ба ин ширкат низ муборак мехонем.
Бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бипайвандед, то ҳамеша сабз бимонед!