Боздошти даҳҳо муҳоҷири корӣ дар Маскав

Хабари хуб 30.03.2012 10:13

migranti_tajikiХадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия гуфтааст, рӯзи панҷшанбе 60 муҳоҷири ғайриқонуниро дар бозорҳои шаҳри Маскав боздошт карданд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Намояндаи ин ниҳод ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, муҳоҷирони кории тоҷику қирғиз ва ӯзбак ғайриқонунӣ дар бозорҳои Даниловский, Петровско-Разумовский ва Велозаводский тиҷорат ва ё ҳаммолӣ мекарданд. Намояндаи Хадамоти Федеролии муҳоҷират гуфтааст, баъзе аз ин муҳоҷиронро метавонанд ҷарима, ё аз Русия ихроҷ кунанд ва корфармоёнашонро беҷазо намемонанд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97