Картрайт: "Ҳамла азми Эронро қавитар мекунад"

Хабари хуб 29.03.2012 12:53

general_eronГенерал Ҷеймс Картрайт, муовини пешини раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мегӯяд, ҳамла ба Эрон, азми ин кишвар барои сохти бомби атомиро қавитар хоҳад кард: "Ҳамлаи маҳдуд ба Эрон, ғолибан азми Эронро қавитар хоҳад кард, ба таъбири дигар, онҳоро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ ташвиқ хоҳад кард."

Ин фармондеҳи олирутба дар аҳди раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш ва ҳам Барак Обама, дар як нишасти машваратии Кумитаи равобити хориҷии сенати Амрико дар бораи сиёсати ин кишвар дар қиболи Эрон сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, аз он нигарон аст, ки “бомбборон чун дар Ироқ ва Афғонистон афкори мардумро тағйир намедиҳад.” Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, Эрон метавонад, “дар муддати як сол” бомби хоми атомӣ бисозад.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97