Ашқобод ба Тоҷикистон газ мефурушад, агар Тошканд хоҳад
Ширкати «Тоҷиктраснгаз» тавассути як номае аз «Узтрансгаз» хостааст то барои транзити гази Туркманистон ба Тоҷикистон мусоидат кунад.
Сайидаҳмад Шарофиддинов, раиси «Тоҷиктрансгаз» гуфтааст, ки бо Туркманистон дар бораи харидории гази табиӣ музокирот сурат гирифтааст ва Ашқобод изҳори омодагӣ барои додани газ ба Тоҷикистонро баён доштааст. Аммо қабл аз ҳама масъалаи транзити газ бояд тавассути Узбакистон ҳалли худро пайдо кунад. «Мақомоти Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Узбакистон ҳастанд, ки барои интиқоли газ розӣ хоҳад шуд ва ё чӣ шароитеро пеш хоҳад гузошт» афзудааст ҷаноби Шарофиддинов. Дар сурати мувофиқаи ҷониби Узбакистон барои мусоидат ба интиқоли газ, бо ҷониби Туркманистон созишномаи харидории гази табиӣ ба имзо хоҳад расид. Бояд зикр кард, ки дар соли 2009, Узбакистон аз интиқоли нируи барқе, ки Тоҷикистон мехост аз Туркманистон барои таъмини ниёзҳои корхонаи ТАЛКО харидорӣ кунад, ҷилавгирӣ карда буд. Узбакистон дар аввали соли равон гази табииро ба Тоҷикистон қатъ кард ва баъди номаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва сафари ҳайате аз ин кишвар ба Тошканд, танҳо барои се моҳ интиқоли газро аз сар гирифт. Ахиран мақомоти Узбакистон зимни номае ба Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки сар аз 1-уми апрел муҳлати созиши харидории газ тамом мешавад ва Узбакистон ба далели иҷрои созишномаи худ бо Чин, имкони тамдиди харидории гази табиӣ аз сӯи Тоҷикистон ва интиқоли он ба ин кишварро надорад.