Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Одинаев раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ буд.
Сомонаи интернетии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон акси ҷинояткори эҳтимолӣ Худойназар Одинаевро нашр намуд, ки рӯзи якшанбе ҳангоми боздошт худро бо норинҷак мунфаҷир кардааст. Ин торнамо дар шарҳи хабар навиштааст, Одинаев раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ буд, ки дар таърихи 3-юми марти соли ҷорӣ ба шаҳрвандони Чин ҳамла кардааст.
Дар хабар омадааст, дар он ҳодиса, ки дар корхонаи "Обшорон"-и шаҳри Душанбе сурат гирифт, шаҳрвандони Чин мавриди ҳамлаи раҳзанона қарор доштанд. Дар пайи ин ҳодиса 7 нафар ҷароҳати вазнин бардошт. Авохири моҳи март пулис ба боздошти панҷ узви гурӯҳи роҳзан муваффақ шуд. Вазорати дохилӣ гуфтааст, “ин гурӯҳи муташаккилро ҷинояткори махсусан хавфноки дар кофтуков қарордошта, Одинаев Худойназар Шарипович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар содир кардани ҷиноятҳои роҳзанӣ, куштор, ва бандтизм даст дошт, роҳбарӣ мекард.”
Дар идома ВУД Тоҷикистон тафсилоти ҳодисаи кушта шудани худи Одинаевро шарҳ дода гуфтааст, ки ҳангоми боздошти ӯ дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе назди бинои Автовокзал “муайян карда шуд, ки ӯ бо худ ду адад норинҷак дорад”. Дар идома омадааст, ба ҳангоми кӯшиши боздошти ӯ аз ҷониби кормандони ВУД, “ҷинояткор норинҷакро ба кор даровард. Вале кормандони милиса тавонистанд бо истифодаи яроқи оташфишон ӯро безарар гардонанд ва ин ҳангом норинҷаки ба кор даровардашуда ба таркиш омад, ки ҷинояткор Одинаев аз ҷароҳати вазнини бардошта ба ҳалокат расид.” Ин сохтори қудратӣ мегӯяд, дар ҳодисаи рӯзи якшанбе ҳеҷ як аз кормандони милиса ва шаҳрвандони мулкӣ осеб надидаанд.
«Озодӣ»