Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар раъси ҳайате аз мақомҳои баландпояи ин кишвар вориди Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури исломии Эронро Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон истиқбол кард.
Аҳмадинажод, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар барномаҳои таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ - 2012» ва «Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон» дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин қарор аст, то чанд соати дигар Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай, раисони ҷумҳури Покистон ва Афғонистон низ вориди шаҳри Душанбе шаванд.
Ин аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, қабл аз сафар ба Тоҷикистон гуфт, ки бар иловаи ширкат дар чорабиниҳои марбут ба таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон, мулоқотҳои дуҷонибаеро бо бархе аз раисони ҷумҳур хоҳад дошт ва ҳамчунин дар музокироти сеҷонибаи сарони Эрону Афғонистону Тоҷикистон ва музокироти чаҳор ҷониба, ки раиси ҷумҳури Покистон ҳамроҳ хоҳад шуд, ширкат мекунад.
«Озодӣ»