Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Хабари хуб 23.03.2012 20:13

se_raisjumhur24 март руасои ҷумҳуриҳои Эрону Афғонистон ва Покистон барои ширкат дар ҷашни байналмиллалии Наврӯз вориди Тоҷикистон мешаванд.

Солҳои пеш дар Эрону Афғонистон низ бо ширкати руасои ҷамоҳири ин кишварҳо ҷашни байналмилалӣ баргузор шуда буд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, Ҳомид Карзай, Маҳмуд Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар рӯзҳои боздид дар мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва маросимҳои наврӯзӣ ширкат ва аз намоишгоҳи наврӯзӣ боздид мекунанд. Интизор меравад, ки онҳо дар конфронси дурӯза роҷеъ ба сулҳи Афғонистон, амният ва рушди иқтисод ширкат ҷӯянд.  Ин конфронс 26 март ба кор оғоз мекунад.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97