Ҷаҳон ва Тоҷикистон вориди Наврӯз шуд

Хабари хуб 20.03.2012 15:38

Navruziiii_2012Субҳи имрӯз соли нави форсӣ амалан фаро расид. Наврӯз дар Душанбе соати 10-у 14 дақиқа, дар  Теҳрон соати 8-у 44 дақиқаи субҳ ва дар Порис соати 6-у 14 дақиқаи субҳи имрӯз фаро расида,  дар Амрико алакай шоми  душанбе вориди Наврӯз шудаанд.

Сабаби имсол як рӯз барвақттар расидани Наврӯз соли кабиса аст, ки моҳи февралаш 29 рӯз дорад. Аммо дар Тоҷикистон лаҳзаи таҳвили солро ҷашн намегиранд ва  таҷлили Наврӯз чун ҳарсола аз 21 март шурӯъ мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97