Маркази нави фарҳангии тоҷикон дар Ботканд боз шуд

Хабари хуб 20.03.2012 13:19

Asomuddin_SaidovДар вилояти Ботканди Қиғизистон маркази фарҳангии тоҷикон - "Сомониён" ифтитоҳ шудааст.

Ин марказ бо пуштибонӣ ва иқдоми сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба истиқболи иди байналмилалии Наврӯз ифтитоҳ шудааст. Дар расми ифтитоҳи марказ, ки дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия доир шуд, Асомиддин Саидов - сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон гуфт, "ин марказ манзили меҳмоннавозии ҳама хоҳишмандоне хоҳад буд, ки дар мавриди Тоҷикистон, таъриху адабиёт ва фарҳанги муосиру қадимии он таваҷҷӯҳ доранд." Вай афзуд, "ин марказ бо таҷҳизоти зарури муҷаҳҳаз шудааст ва сафорат тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик ба ин марказ асбобҳои мусиқии миллӣ ва муосир ворид кунад ва як дастаи эҷодӣ, аз шумори донишҷӯёни тоҷики макотиби олии Қирғизистон таъсис диҳад."

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97