Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Суман», ки дар соҳаи дӯзандагии Тоҷикистон бо истифода аз омезиши услубҳои замонавию қадимаи миллӣ дар тавлидоташ маъруф аст, торнигори расмии худро боз кард. Хонаи интернетии лоиҳа бо истифода аз пояи ироагари маъруфи хадамоти торнигорӣ – Вордпресс сохта шуда, бо чунин нишонӣ дастрас аст: www.soozani.wordpress.com.
ҶСШК «Суман» дар соли 1992 дар заминаи як корхонаи дӯзандагии Шӯравӣ таъсис шуда, феълан, наздик ба 70 нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад. Тақрибан ҳамаи кормандони «Суман»-ро, бо шумули раҳбарияти корхона, занон ташкил медиҳанд. Маҳсулоти корхона бо истифодаи моҳирона аз гуногунии рангҳо, печидагии ҳайратбори зардӯзӣ ва зебоии ҳунари тоҷикӣ шӯҳратёр гаштааст. Дӯзандаҳои чирадасти корхона ба дӯхтан ва оро додани либосу сарпӯшҳои миллӣ, ҳадяҳо, болиштҳои пахтагин, либосҳои корӣ ва ғайра машғуланд.
Соҳиби корхона ва ҳамзамон мудири он Файзимоҳ Иброҳимова хушҳол аст, ки имкони муаррифии интернетии маҳсули дастони дӯзандаҳои соҳибҳунарашро пайдо кардааст. Хонум Иброҳимова мутмаин аст, ки «бо роҳандозии ин торнигор дар рушди дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва маъруфсозии ҳунарҳои дастӣ миёни ҷавонон ва меҳмонони беруна саҳми худро мегузорем. Торнигори расмӣ бароямон имкон медиҳад, то ҳузурамонро дар бозор тақвият бахшем ва дар ояндаи наздик занону духтарони бештарро ҷойи кор бидиҳем».
Торнигор дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сохта ва тарроҳӣ шудаааст. Барномаи мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария (СЕКО) аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат амалӣ мегардад. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», мегӯяд, торнигори «Суман» ба корхона дар баробари муаррифии расмии худ имкон медиҳад, маҳсулоташро низ тариқи фурӯшгоҳи онлайн ба бозор барорад. Ҷаноби Камолов мӯътақид аст, ки «дар марҳилае, ки ширкате имкони маҳдуди молӣ дорад, барои тахсиси маблағҳои алоҳида ҷиҳати харидории домен, пардохти ҳостинг ва сохтани торнамо (веб-сайт) зарурате нест, дар ҳоле, ки ҳамаи амалҳои лозима тариқи ироагарони хадамоти торнигорӣ ройгон дастрасанд. Мо ҳадаф доштем, ки корхона дар интернет ҳузури расмӣ пайдо кунад ва ҳамзамон, қадамҳои нахусти худро ба сӯи бозори интернетӣ бигзорад».
Торнигор бо се забон – инглисӣ, тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст. Дар он метавон оид ба таъриху дастовардҳои ширкат ва маҳсулоту хадамоташ иттилоъ дарёфт ва ҳамзамон пас аз шиносоӣ бо мушаххасоти вижаи ҳар маҳсулоти пешниҳодие метавон онро фармоиш дод.
Ҳамин гуна, хонумони азиз ва ҷанобони гиромӣ, ба олами интернетии зардӯзиву гулдӯзиҳои тоҷикӣ лутф фармоед! Марҳабо, нури дида, тоҷи сар! Акнун, фармоиши маҳсулоти зебову нодири зардӯзиву гулдӯзӣ ба маротиб роҳаттар ва осонтар аст – мушакатонро ҳамин ҷо пахш бикунед.
Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсозии содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.