Парвандаи Шодиевро аз нав тафтиш хоҳанд кард

Хабари хуб 02.03.2012 10:26

SHoDiev_BahromiddinДодгоҳи ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҳалокати сокини 28-солаи Душанбе Баҳромиддин Шодиевро барои тафтиши дубора ба додситонӣ пас фиристод.

Ин дар ҳолест, ки додситон барои муфаттиши пулиси Шоҳмансур Абдураҳмон Додов бо ҷурми хунукназарӣ аз додгоҳ 2 сол ҳукми зиндон хоста буд. Шодиевро моҳи октябр бо иттиҳоми дуздӣ дастгир карданд, вале ӯ баъди чанд рӯз дар боздошт даргузашт. Пайвандонаш мӯътақиданд, ки Баҳромиддин бар асари шиканҷа ҳалок шудааст. Мақомоти пулис ин иддаоро радд мекунанд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97