8 000 сомонӣ ҷарима барои намози "ғайрисуннатӣ"

Хабари хуб 01.03.2012 10:47

obyaz_bДодгоҳи ноҳияи Бохтар ду сокини маҳаллиро бо ҷурми барангехтани низоъи мазҳабӣ ба маблағи 200 маоши ҳадди ақал, ки муодили 8 000 сомонист, ҷарима бастааст.

Додситони ноҳия Иброҳим Атоуллоев ба “Азия Плюс” гуфт, сокинони ҷамоати Навбаҳор Ҳомиддин Абдуллоев ва Насим Қурбонов тайи як сол намозҳои худро дар масҷид бо нақзи қоидаҳои мазҳаби суннӣ адо мекарданд, ки боиси эҷоди сӯъитафоҳум ва ҳатто низоъи мазҳабӣ мешуд. Атоуллоев гуфт, дар поёни соли гузашта як сокини дигари Бохтар Ҳикматуллоҳ Қаландаров, ки дар рӯзҳои ошӯби Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло мардумро ба “ҷиҳод” даъват мекард, низ ба маблағи 31 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97