Кумитаи умури илм, маъориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони парлумони Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи қонун дар бораи таълимоти томактабиро ба баррасии ҷамъиятӣ гузошт.
Ин тарҳи қонун, ки аз 8 боб ва 25 модда иборат аст, аз ҷониби вакилони парлумон таҳия шудааст ва он муқаррароти кори муассисаҳои омӯзишиву парваришӣ барои кӯдакони аз синни яксола то ҳафтсоларо дар назар гирифтааст.
Номи ин муассисаҳо дар қонун ҳамчун кӯдакистон, кӯдакистон-мактаб, хонаи кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ, боғчаи бачагон ва боғчаи кӯдакони навъи офиятӣ (кӯдакони маълул ё дорои имконоти ҷисмонии маҳдуд) сабт шудааст.
Шароити зиёде дар ин тарҳи қонун бояд тавассути намояндагони Кумитаи умури илм, маъориф ва фарҳанги парлумон, намояндагони вазорати маориф ва кӯдакистонҳо, аз ҷумла ройгон будан ё набудани кадоме аз ин муассисаҳо бояд мушаххас шавад.
Ҳамчунин, маълум нест, ки оё бо таъкид бар рӯи кӯдакистонҳо барои кӯдакони маълул қонун дар воқеъ мехоҳад дарҳои кӯдакистонҳои маъмулиро ба рӯйи кӯдакони дорои имконоти камтар бибандад ё хайр.
Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумони кишвар дар ҷаласаи баррасии ин тарҳ аз ин ки дар тарҳи қонун ба дунявӣ будани таълиму тарбияти томактабӣ таъкид шудааст, ибрози норизоиятӣ кард. Ӯ гуфт: "Моддаи панҷи қонун таълимро ба дунявӣ будан маҳдуд мекунад, ки ин метавонад фардо мушкилзо бошад. Мо таълимоти динии бузурге дорем, ки кӯдакон метавонанд дар синни томактабӣ аз он баҳравар шаванд."
Дар ҳоле намояндагони парлумон дар посух ба ин иддаъо гуфтанд, ки "ин пешниҳодро ба назар мегирем" ва таблиғи арзишҳои миллӣ дар қонун дар назар гирифта шудааст, муовини вазири маорифи кишвар гуфт, ки ин пешниҳод ғайри қобили қабул аст.
Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маориф, дар ин бора гуфт: "Дар мо консепсияи миллии тарбияти кӯдакон қабул шудааст, ки он бо арзишҳои байналмилалӣ мутобиқ аст ва Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеъаи байналмилалӣ наметавонад аз ин арзишҳо худро дур кунад."
Ҳамчунин вай изҳор дошт, ки: "Дунявӣ будани Тоҷикистон дар Қонуни асосии кишвар дарҷ шудааст ва ин пешниҳод ҳатто қобили баҳс нест."
Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳоло ҳудуди 7 дарсади кӯдакони аз сини 1 то 7 сола дар муассисаҳои томактабӣ тарбият мегиранд. Ин рақам, ба гуфтаи масъулони вазорати маориф, хеле кам аст.
Ба гуфтаи муовини вазири маориф, таҳсили кӯдакон дар кӯдакистонҳо дар рушди зеҳнии онҳо таъсири муфид расонда ва ба ин хотир кӯдаконе, ки ба кӯдакистон рафтаанд, дар синфҳои нахустини мактабҳои ҳамагонӣ фаъолтар ҳастанд.
Ба ин хотир Тоҷинисо Маҳмадова пешниҳод кард, ки дар сурати мавҷуд будани шароит, фиристодани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ҳатмӣ хоҳад шуд.
Марҳабо Ҷабборова, раиси кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, ки тарҳи қонуни мазкур бо иловаи назарот ва пешниҳодоти вакилон ва ҷомеа ба баррасии парлумон гузошта хоҳад шуд.