Телевизиони Русия: Аз суиқасд ба ҷони Путин ҷилавгирӣ шуд

Хабари хуб 27.02.2012 17:55

Qasdi_joni_PutijnnТибқи иттилои Шабакаи телевизионии давлатии Русия, ниҳодҳои иттилоотии Русия ва Укройн барномаи террористонеро, ки қасди ҷони Владимир Путинро доштанд, хунсо кардаанд.

Нируҳои амниятӣ афродеро дар шаҳри Удесои Укройн дастгир кардаанд, ки дар таъқиби байналмилалӣ қарор доштаанд. Гуфта мешавад, ин афрод аз Дуку Умаров, аз раҳбарони исломгароёни Қафқози Шимолӣ, дастур мегирифтаанд. Шабакаи аввал хабар дод, ки баёнияи афроди дастгиршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки онон қасд доштанд, дуруст пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Русия ба ҷони Владимир Путин, нахуствазири феълӣ ва номзади аслии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, суиқасд анҷом диҳанд. Сухангӯйи оқои Путин ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт: "Иттилоъро таъйид мекунам, аммо феълан назар намедиҳам." Таҳқиқот аз тарафи нерӯҳои амниятӣ идома дорад. Дафтари матбуотии Созмони федероли амнияти Русия ба хабаргузории РИА Новости гуфта, ки иттилои шабакаи телевизиониро такзиб намекунанд, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.

BBC

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97