Дар доираи барномаҳои Наврӯзӣ шаҳрдорӣ 27 март баргузории пойгаи равонро дар Душанбе ба назар гирифтааст.
Ин чорабинии варзишӣ дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо меъёрҳову иштироки доварони сатҳи байналмилалӣ бори нахуст дар таҷрибаи ин намуди варзиш доир хоҳад шуд. Бо ин ҳадаф феълан барои тарҳрезии корҳои омодагӣ менеҷери байналмилалӣ оид ба ташкили пойгаи равон аз Аморати Муттаҳидаи Араб хонум Елена Михай ташриф овардааст, ки 24 феврали соли ҷорӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мавсуфро ба ҳузур пазируфт.
Зимнан масоили дар ояндаи наздик, нимаи дуюми соли 2012 бо мутобиқсозии КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба меъёрҳои баргузории пойгаи равони байналмилалӣ ташкил намудани ин намуди варзишро дар шаҳри Душанбе матраҳ намуда, дар навбати аввал дар чорабинии 27 март ба нақшагирифташуда даъват ва иштироки доварону нозирони байналмилалииро баррасӣ карданд.
Ш. Саидов, котиби матбуотии шаҳрдорӣ