Вазорати хориҷа мушкили ронандагони эрониро ҳал кард

Хабари хуб 23.02.2012 13:01

Du_RONANNDAI_IroniiiДавлат Назриев, сардори Раёсати таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ ба қазияи ду ронандаи эронӣ, ки дар Тоҷикистон 10 моҳ банд монда буданд, рӯшанӣ андохт.

Вай гуфт, ин ду ронанда, яке Сулаймон Бекӣ ва дигаре Абдулло Карбалоии Ҳусейнӣ ба Тоҷикистон мол оварда буданд. Аз ин самт бо се ширкати тоҷикӣ: "Милитсер энд Мюнх", "Истфилд", "Синон - 2010" барои интиқоли пахта то Бандараббосӣ Эрон гуфтугузор доштанд, аммо сари нархгузории мол ҳусни тафоҳум ҳосил нашуд ва ин ду ронандаи эронӣ дар Тоҷикистон бештар аз 10 моҳ банд монданд. Ба қавли ин манбаъ, қазия шахсан бо ширкати Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва сафорати Эрон дар Тоҷикистон ҳал шуд. Ӯ афзуд: "Мувофиқа шуд, ки вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон масъалаи додани раводид ва дастрасии иҷозати хориҷ шуданро аз қаламрави Тоҷикистон ба ронандагон мусоидат карда, ширкатҳои "Милитсер энд Мюнх", "Истфилд", "Синон - 2010" ба ронандагон маблағи хароҷоти сафарро то Эрон пардохт намуданд".

Ба қавли Давлат Назриев, ронандагони эронӣ чанд рӯзи пеш Тоҷикистонро ба азми Эрон тарк карданд.

P.S. Ёдрас мешавем, ҳафтаномаи "Миллат" ба ин қазия дар авоили моҳи январ рӯшанӣ андохта буд. Ронандагони эронӣ мегуфтанд, барои бозгашт ба Эрон дар маҷмӯъ ба 80 ҳазор доллар ниёз доранд. Аммо бо мусоидати Вазорати умури хориҷӣ ва сафорати Эрон дар Душанбе ниёзи ронандагон бароварда шудааст.

Қобили зикр аст, ки матлаби нашрия мавриди баррасии вазорати хориҷа қарор гирифтааст ва ин аз ҳолатҳои камназири ҳалли мушкили масъала бо мусоидати расонаҳо дар Тоҷикистон аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97