Чавез рақиби интихоботияшро "хук" номид

Хабари хуб 18.02.2012 10:12

Chavez_khukДар паёми телевизионияш раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавез рақиби худро дар интихоботи президентии моҳи октябр “хук” номид.

Вай номзади гуруҳҳои чапу марказгаро, ҳокими вилояти Миранда Эрике Каприлсро инчунин “ноком” унвон кард. Ва гуфт, муҳим нест, ту чанд бор либоси худро иваз мекунӣ, думи хукие, ки аз пасат аст, кӣ будани туро нишон медиҳад ва ҳам гӯшҳои хуконаат. Мисли хук хур-хур мекунӣ ва батамом як хук ҳастӣ. Аз рӯзе, ки Каприлс номзад шудааст, тарафдорони Чавез ӯро зери таҳқиру дашном гирифтаанд ва ҷинсияти ӯро зери суол мебаранд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97