Раисиҷумҳури Олмон аз мақомаш истеъфо дод

Хабари хуб 17.02.2012 18:24

WoolfРаисиҷумҳури Олмон Кристиан Вулф зимни силсилаи моҷароҳои марбут ба фасод эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Дар ин бора худи ӯ имрӯз дар қасри Белвю эълом кардааст.

Кристиан Вулф, ки ин мақомро ҳамагӣ 598 рӯз бар ӯҳда дошт, бар ин бовар аст, ки аз ӯ ҳамаи иттиҳомоти мавҷуда дар истифода аз мавқеъияти расмӣ барои нафъи шахсиашро ҳазф хоҳанд кард.

Ӯ мегӯяд, ки «бо як ҳавас ӯҳдадориҳои президенти федеролиро анҷом медодам». Аммо барои Олмон раисҷумҳуре лозим аст, ки «боварии тамоми қишрҳои ҷомеаро дошта бошад ва тавонад тавону қудрати худро барои мубориза бо чолишҳои миллӣ ва байналмилалӣ сарфа кунад", - мегӯяд Вулф.

"Ҷараён гирифтани воқеаҳои ҳафтаи ахир ҳокӣ аз он аст, ки боварии мардуми Олмон ба шахсияти ман костааст ва асарбахшии кори ман дар мавқеъияти ишғол кардам поин шудааст. Барои ҳамин, ман ба истеъфо меравам, то ки роҳ кушода бошам барои ҷойнишин худ", - изҳор дошт президенти Олмон.

Сарвазири Олмон, Ангела Меркел истеъфои президенти РФО – ро бо «эҳтиром ва таассуфи амиқ қабул кард ва сафари худро ба Италия лағв намуд, то ба буҳрон расидагӣ кунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97