Талаби 4 соли маҳрумият аз озодӣ барои Саидмукаррам

Хабари хуб 16.02.2012 14:04

Sudi_nohiyai_ismoili_somoniАз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт талаб карда шуд, ки нисбати Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон барои раво дидани таҳқиру туҳмат дар ҳақи хонаводаи Тураҷонзодаҳо ҷазо дар намуди 4 соли маҳрумият аз озодӣ таъйин карда шавад.

Ба иттилои Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Тураҷонзодаҳо, имрӯз, 16 феврал ҷаласаи шунидани ваҷҳу далели тарафҳои баҳс дар додгоҳ хотима ёфт ва санаи 21 феврал ҳукми додгоҳ дар қиболи Абдулқодирзода эълон хоҳад шуд.

Бузургмеҳр Ёров меафзояд, ки: «Мо аз судяи парванда Зокир Аминов талаб кардем, ки судшаванда аз ҳамин толори суд то эълони ҳукм ба ҳабс гирифта шавад. Аммо судя ин талабро рад кард. Дар зимни гуфтугӯҳо маълум буд, ки зоҳиран ҳимоячиёни Саидмукаррам аз Тураҷонзода тарафдорӣ мекунанд. Ба ҳар сурат судя ба ҷониби судшаванда то 21 феврал муҳлат дод. Имкон дорад то ин сана судшаванда Саидмукаррам Абдулқодирзода ба хулосаи қатъӣ бирасад».

Ҷаноби Ёров мегӯяд, агар дар ҷаласаи навбатии додгоҳӣ Раиси Шӯрои уламо аз даъвогар узр пурсад, имкон дорад аз «даъво даст бардорем». Ва барои сулҳ бастан чораандешӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Раиси Шӯрои уламо аз изҳори назари худ дар ҳузури рӯзноманигорон худдорӣ кард.

Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода низ мегӯяд, агар Саидмукаррам Абдулқодирзода узр пурсад аз даъвои худ даст мекашад.

Ёдрас мешавем, хонаводаи Тураҷонзодаҳо аз болои Саидмукаррам Абдулқодирзода барои туҳмату таҳқир ба додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт даъво бурдаанд.

Ёқуби Саид

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97