Мулло Маъруф дар додгоҳи Тураҷонзодаҳо ва Саидмукаррам шоҳидӣ дод

Хабари хуб 16.02.2012 12:17

Sidi_TurajonzodahoМурофиаи додгоҳии Тураҷонзодаҳо бо Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар, рӯзи 15 феврал дар додгоҳи ноҳияи Сомонӣ баргузор шуд.

Дар ин мурофиа Ҷамолов Давлатмурод, иҷрокунандаи вазифаи имомхатиби масҷиди Қазоқон, Мулло Маъруф, сархатиби масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе ва Домулло Имомуддин, мударриси Донишгоҳи исломӣ аз ҷониби Тураҷонзодаҳо ва домулло Абдураҳим, хатиби масҷиди ноҳияи Ваҳдат аз тарафи Сайдмукаррам ба ҳайси шоҳид ширкат карданд. Бино ба хабарҳои расида, пурсиши шоҳидон бештар атрофи қарору муроҷиатномаи Шӯрои уламо сурат гирифтааст.

Чаҳор нафар шоҳиди мазкур аз ҷумлаи 60 нафаре мебошанд, ки рӯзи 6-уми декабр дар маҷлиси Шӯрои уламо бе ҳузури Тураҷонзодаҳо ширкат доштаанд. Аз номи аъзои Шӯрои уламо баёнияе пахш шуд, ки дар он Тураҷонзодаҳо барои баргузории рӯзи Ошуро маҳкум мешуданд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода иброз доштааст, ки дар ҷаласаҳои қаблӣ раиси Шӯрои уламо, ҷаноби Саидмукаррам эътироф карда, ки ду санад қабул кардем. қарор ва муроҷиатнома. қарор дар маҷлис аз чаҳор банд иборат буда, вале вақте ба мардум паҳн кардаанд, он аз шаш банд иборат буд.

Дар ҷараёни мурофиъа аз рӯйи қарору муроҷиатномаи нашршуда, аз шоҳидон пурсида шудааст, ки "оё дар маҷлис 40 туҳмату таҳқир ба хонаводаи Тураҷонзодаҳо қироат шуда ва онро шунидаанд?

Аммо шоҳидон дар посух гуфтаанд, бисёре аз ҳарфҳо ба гунаи дурӯя будани Тураҷонзодаҳоро нашунидаанд. Танҳо шоҳид домулло Абдураҳим - хатиби масҷиди Ваҳдат гуфтааст, ки бале ҳамонҷо як нафар гуфт, ки Тураҷонзодаҳо динфурӯшанд, вале аз гуфтани номаш худдорӣ варзид.

Мулло Маъруф гуфтааст, ки он рӯз танҳо қарор қабул шуда буд ва аз манти муроҷиатнома хабаре надорад.

Ҳамзамон Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода иброз доштааст: "Аз маҳкумияти мо қисмати зиёди мардум хабар надорад. Бисёриҳо танҳо ба ҳамин нукта аҳамият додаанд, ки гуё Тураҷонзодаҳоро шиъа эълом кардаанд ва онҳо ба ҳамин хотир раиси Шӯрои уламоро ба суд додаанд. Аммо ин танҳо ба хотири шиъа эълон кардани мо нест. Бо далели он аст, ки дар ин муроҷиатнома 40 вожаи таҳқиромез ба мисоли: "дурӯя, динфурӯш, мансабфурӯш, ҷангандоз, хиёнаткор, иғвогар ва ҳоказо, ки ҳатто гӯё маротибае кишварро бо ҷанг кашидаанд" дар ҳаққи мо зада шудааст, аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, раиси Шӯрои уламоро ба додгоҳ бидиҳем".

Пештар ҷаноби Тураҷонзода гуфта буд, ки бо сабаби таҳдиду тарсонидан бархе аз шоҳидон дар догоҳ ҳозир нашудаанд. Ӯ мегӯяд: "Шоҳидоне, ки аз тарафи мо ба суд пешниҳод шудаанд, ин маънои онро надорад, ки онҳо мурид ва ё шогирдони мо бошанд. Шаш тан шоҳиде, ки аз сӯйи айбдоркунандаҳо дар ҷаласа гувоҳӣ медиҳанд, аз дидгоҳи хонаводаи Тураҷонзодаҳо нафароне мебошанд, ки соҳибилм, тақводор ва худотарсанд. Мо, ки сад дар сад ба бегуноҳии худ дар ҳамин масъала қоил ҳастем, бинобар барои мо фарқ надорад, ки кадом аъзои Шӯрои уламо дар мурофа даъват мешаванд. Ҳар кадоме, ки даъват шуд, мо суолҳои худро медиҳем."

Зокир Аминов, раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ то соати чоп шудани ин матлаб танаффус эълом кард. Мурофиа то рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97