Хабарнигори фаронсавиро аз Русия ихроҷ карданд

Хабари хуб 14.02.2012 10:12

AnnХабарнигор ва адиби фаронсавӣ Анн Нива барои мусоҳиба бо намояндагони мухолифин аз Русия ихроҷ шуд.

Кормандони хадамоти муҳоҷират изҳор намуданд, ки хонум Нива бо раводиди корӣ вориди Русия шудааст ва аммо ба ҷойи ин бо мухолифин дидору гуфтугӯ мекунад. Анн Нива, аз ҷумла, бо хабарнигор Олга Романова ва намояндагии ҳизби “Яблоко”  мулоқот кардааст.
Хонум Нива муаллифи китоби “Ҷанги палид” дар бораи занҳои Чеченистон аст ва солҳои пеш хабарнигори расонаҳои Фаронса дар Маскав буд.

"Озодӣ"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97