Аксе аз Баҳори Араб пирӯзи World Press Photo шуд

Хабари хуб 11.02.2012 10:51

Bahori_arabbАксбардори испаниягӣ Самуел Аранда, ки саҳнае аз Баҳори Арабро гирифтааст, барандаи озмуни World Press Photo-и соли 2011 эълон шуд.

Ин акси зани ҳиҷобие дар Яман аст, ки хеши захмияшро рӯи дастонаш дорад. Акс дар моҳи октябри соли гузашта дар масҷиди Санъо пас аз мухолифати тазоҳуркунандагон аз қарори раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бардошта шудааст. Доварон гуфтанд, ин акс рамзи ҷасорати мардуми одиест, ки шӯришҳои Ховари Миёнаро роҳандозӣ карданд, ки дертар бо номи “Баҳори Араб” маъруф гаштанд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97