Эмомалӣ Раҳмон тарҳи навсозии Душанберо писандид

Хабари хуб 10.02.2012 18:18

RAHMON_EРаисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи навсозии бархе аз ҷодаҳои асосии шаҳри Душанбе ва сохтмони биноҳои нав дар марказ ва қисматҳое аз пойтахт ошно гашта, хостори иҷрои зудтари бархе онҳо шуд.

Бино ба тарҳи нав чанде аз кӯчаҳо васеъ хоҳанд шуд, то маҷрои афзояндаи ҳаракати нақлиёт дар Душанберо ғунҷонанд. Қарор аст, дар ду соли оянда дар маркази кившар 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 91 миллион доллар амалӣ гардад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз шаҳрвандон аз тарҳи нави шаҳр розӣ нестанд ва пешниҳодҳое садо медиҳанд, ки қисме аз биноҳои асосии маъмурӣ берун аз маркази шаҳр сохта шаванд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97