Муовини додситони Файзобод боздошт шуд

Хабари хуб 10.02.2012 10:28

korupsija_8Бино ба хабари CA-NEWS, дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон Аслиддин Раҳматов-муовини додситони ноҳияро кормандони Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод ба эҳтимоли гирифтани ришва боздошт кардаанд.

Ин намунаи дуввум аст, ки кормандони додситонӣ бо ин иттиҳом боздошт мешаванд. Моҳи январ кормандони ин оҷонсӣ Меҳроҷ Бобомуродов-корманди додситонии вилояти Суғдро боздошт карда буданд. Дар соли 2011 9 нафар кормандони додситонӣ дар Тоҷикистон барои ришваситонӣ боздошт шуда буданд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97