Абдулҳамиди Самад бо "Климко" дар Украин

Хабари хуб 08.02.2012 17:42

Samad_Klimko"Климко"- асари адиби маъруфи Украин Григор Тютюнник аз ҷониби нависандаи тоҷик Абдулҳамид Самад ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд.

Ин китоб ба муносибати 80-солагии зодрӯзи муаллиф ба тоҷикӣ баргардон шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷа, дар сафорати Тоҷикистон дар Украин бо иштироки теъдоди зиёди аҳли адаб, намояндагони ВАУ, масъулини сафоратхонаҳои ҳарду кишвар ва намояндагони диаспораи тоҷикони муқими Украина маҳфили рӯнамоӣ аз ин китоб баргузор шуд. Иштирокчиёни ин ҳамоиш аз тарҷумаи китоб бо забони тоҷикӣ, хидмати бузург ва арзандаи тарҷумони китоб, нависандаи шинохтаи тоҷик изҳори сипос гуфта, ҳамзамон ӯро пайвандгари адабиёт ва фарҳангу маданият миёни хонандагони муосири Украин ва Тоҷикистон ном бурданд.

Дар ин маҳфил ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки робитаҳои мустақими иттиҳодияҳои эҷодии ду кишварро ба роҳ монанд ва асарҳои барҷастаи шоирону нависандагони тоҷику украинро ба забонҳои якдигар тарҷума кунанд. Бо ин ҳадаф, Иттифоқи миллии нависандагони Украина дар оянда таҳия ва омода намудани лоиҳаи созишномаи дуҷонибаро миёни иттифокҳои нависандагони Тоҷикистону Украин пешниҳод мекунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97