26 январи соли ҷорӣ нисбат ба муовини директори филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Ташриф Хоҷаев парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Дар ин бора Қаҳор Саидов, муфаттиши калони шӯъбаи мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидошта дар нақлиёти Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, нисбат ба номбурда бо моддаи 323 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Парванда дар асоси шикояти шаҳрванд, Муродов Б. оид ба бидуни гузаштани курси тайёрӣ гирифтани шаҳодатнома (гӯё номбурда курси таълимии барқчиро хатм карда бошад) шикоят кардааст. Гуфта мешавад, ки Ташриф Хоҷаев, муовини директори филиали муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз Муродов Б. бар ивази шаҳодатнома 130 сомонӣ ва барои ҳаққи хидмати худ 50 сомонӣ маблағ гирифтааст.
Зимни тафтиш муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда маблағи бар ивази шаҳодатнома гирифтаашро дар расиди пардохти харҷномаи шаҳодатномакунӣ қайд накардааст. ҳамчунин, зимни аз назаргузаронии ҳуҷраи кори муовини директори филиали муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон", якчанд шаҳодатномаҳои барои шаҳрвандони навоҳии гуногун тайёркардашуда пайдо шудааст, ки ба ҷойи директор муовини ӯ имзо кардааст. Тафтишоти иловагӣ идома дорад.
Тибқи баъзе хабарҳо дар рӯзи гузаронидани тафтишот дар ҳуҷраи кори муовини директори Филиали муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар ҳуҷраи дигар, яъне ҳуҷраи кории худ директори ин муассиса, Ҷумъахон Сониев аз сактаи дил вафот кардааст. Шоҳидони ин ҳодиса иброз медоранд, ки директор шояд аз боздошт шудани муовинаш ғамгин шуда, ба сактаи дил гирифтор шуда бошад.
Дар ҳамин ҳол, муфаттиши парвандаи мазкур, қаҳор Саидов иброз медорад, ки гузаронидани корҳои тафтишотӣ ба кору фаъолияти директор умуман рабт надорад.
Тибқи иттилои мавҷуда Ҷумъахон Сониев аз зумраи кадрҳои шоистаи соҳаи маорифи Хатлон маҳсуб мешуд, ки тӯли кору фаъолияти меҳнатӣ дар идораву бахшҳои гуногуни соҳаи маориф намунаи ибрати ҳамагон буд.