Анҷумани дӯстӣ ва робита бо Ағонистон зимни ҷаласаи солонаи худ аз фаъолияти яксолаи ин ниҳод натиҷагирӣ намуд.
Дар ин ҷаласа ҳайат ва раёсати нави Анҷумани дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ағонистон интихоб шуд. Қосимшо Искандаров, доктори илми таърих ва афғонистоншиноси маъруфи тоҷик раиси нави Анҷумани дӯстӣ ва робита бо Афғонистон интихоб гардидааст. Ҳамчунин аъзои анҷумани мазкур низ тақрибан ҳамагӣ чеҳраҳои нав шудаанд.
Дар ҷаласаи Анҷумани дӯстӣ барномаи чорабиниҳои ин ниҳод дар робита ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли 2012 тасдиқ шуданд.