«МегаФон» ба муштарии миллионумаш хона тақдим кард

Хабари хуб 13.01.2012 16:51

million_sub12-уми январи соли ҷорӣ ба шабакаи ширкати «МегаФон» муштарии 1000000 -умин пайваст шуд. Муштарии фахрӣ ва барандаи хонаи ширкати «МегаФон» Зулфия Мирзоқандова, сокини  40 солаи ноҳияи Бохтар, ҷамоати Истиқлол, деҳаи Тоҷикбаталён мебошад.

Маросими супоридани ҷоиза дар маркази шаҳри Қурғонтеппа, маркази хидматрасонии ширкати «МегаФон», ки Мирзоқандова аз ҳамон ҷо симкорташро харидааст,  бо иштироки Файзиддин Бекмуродов - муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуд. Дипломи миллионер ва сертификат барои харидории хонаро ба Зулфия Мирзоқандова Маҷид Сайтасанов, роҳбари раёсати минтақавии ҶСП «ТТмобайл» дар вилояти Хатлон тақдим кард.
Хонум Зулфия ба маҳфили супоридани ҷоиза ҳамроҳи писар ва духтараш омада буд ва аз бурди хона ба шавҳараш ба Русия занг зада хабар додааст, ки ӯ низ ба ин хабар бо душворӣ боварӣ ҳосил кард.  Вай дар ҳамин росто гуфт: «Субҳи 12 декабр ба маркази хидматрасонии «МегаФон» рафта як симкорт харидам, субҳи дигар ба ман занг зада гуфтанд, ки ман муштарии миллионуми ширкат шудаам ва имрӯз бошад бароям сертификати хонаро тақдим карданд.»
Тавре Мирзоқандова гуфт, бо пешниҳоди шавҳараш, ки дар Русия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият дорад, симкорти ширкати мазкурро бо тарофаи «МегаФон Тоҷикистон» харидорӣ кардааст. Гуфтанист, тарофаи мазкур миёни мардуми касбу кори мухталифи Тоҷикистон аз маъруфияти хос бархурдор аст.
Ҳамчунин Зулфия таассуроташро дар мавриди шунидани хабари он, ки ӯ муштарии миллионум шудааст, чунин иброз кард: «Вақте бароям занг зада гуфтанд, ки ман муштарии 1000000 ширкати «Мегафон» шудаам, боварам наомад. Фикр кардам касе шӯхӣ мекунад. Чунин тӯҳфаи тақдир бароям ғайричашмдошт буд. Ман ҳаргиз ба лотерея ва бозиҳои бурднок бовар надоштам ва ҳатто тасаввур ҳам намекардам, ки бо пайвастшавӣ ба «МегаФон» соҳиби хона мешавам»
Ғайричашмдошт Зулфия Мирзоқандова муштарии хушбахт - муштарии миллионӣ шуд, ки пайвастшавиашро дар шркати «МегаФон» низ бесаброна интизор буданд.
Раёсати «МегаФон» Зулфия Мирзоқандоваро бино бар муштарии миллионум шуданаш табрик мегӯяд.
Назарсанҷие, ки баназдики миёни ширкатҳои мобилӣ баргузор шуд, нишон медиҳад, ки суръати пайвастшавӣ ба ширкати «Мегафон» нисбат ба дигар ширкатҳои мобилӣ баландтар мебошад. 
«Сазовори боварии муштариён будан ин вазифаи мост. Мутахассисони мо ҳамвора барои беш аз пеш беҳтар кардани сатҳи алоқа ва хидматрасониҳои ширкат фаъолият доранд»,- мегӯяд Алексей Семёнов, раиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
Имрӯз алоқаи босифат ва боэътимоди «МегаФон»-ро барои мардуми Тоҷикистон беш аз 900 стансияҳои 2G ва 3G воқеъ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин мекунанд, ки 250-тои ин стансияҳо дар соли 2011 сохта шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97