Боздошти гумонбари ҳамла ба Додоҷони Атовулло

Хабари хуб 13.01.2012 15:16

dodojon_atovulloevПулиси Маскав мегӯяд, Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар сӯъиқасд ба ҷони хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло дастгир кардааст.

Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе дар тарабхонае дар пойтахти Русия ду зарби корд хӯрд, ки якеаш ба ҷигари ӯ асобат кардааст. Ӯро баъди ин ҳамла дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ба номи Склифосовский ҷарроҳӣ кардаанд ва ба гуфтаи табибон,  дигар хатаре ба ҳаёташ таҳдид намекунад. Чор созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ин ҳамларо шадидан маҳкум карда ва хостори таҳқиқи фарогири қазия шуданд.

P.S. Ҳамчунин хабар расид, ки Додоҷони Атовулло айни ҳол ба ҳуш омадааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97