Сӯйқасдҳоро маҳкум мекунем!

Хабари хуб 13.01.2012 13:17

Abdulqodiri_AlaviХабари сӯйиқасд кардан бар ҷони Додоҷони Атовулло моро хеле нороҳат кард ва бояд гуфт, ки ин сӯйиқасд на танҳо бар ҷони Додоҷони Атовуллост, балки ин як навъе аз шикастани нерӯ, ғурур ва ҷавонмардии миллати ранҷида ва ғамдидаи тоҷик аст.

Вале хеҷ гоҳ ин қувваи носолим бо ин мақсади шуми худ ба ҳадаф намерасанд, чун ҷомеаи башарӣ ҳама ҳамеша ба сӯи пеш ҳаракат дорад. Бо куштани ману мову дигарон, ки фикру андешаи солим доранд, рушду раванди ҷомеаро пеш гирифтан ғайриимкон аст.
Аз Худованди мутаъол шифои оҷилро ба бародари ниҳоят гиромӣ Додоҷони Атовулло таманно дорем.

Бо эҳтиром Абдулқодири Алавӣ, аз Маскав

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97