Масъулини риштаи маънавиёти ноҳияи Вахш иқрор шуданд, ки дар ҳақиқат таъини кадрҳои ғайрикасбӣ дар риштаҳои гуногуни фарҳанг ин соҳаро ба қафо бурдааст.
Қабули шаҳрвандон ва расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоии мардум аз муҳимтарин масъалаҳои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш мебошад. Дар ин бора Юсуфалӣ Баротов,- раиси ноҳияи Вахш зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод. Мавсуф иброз дошт, сабаби пайдо шудани бештар аз мушкилиҳои мардум сатҳи пасти маънавиёти онҳо мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ масъулини соҳаи маънавиёти ноҳия иқрор шуданд, ки дар ҳақиқат дар чанд соли охир бинобар таъиноти кадрҳои ғайри касбии роҳбар дар соҳаи фарҳанг, фаъолияти соҳа ба талабот ҷавобгӯй нест. Аз ҷумла мудири шӯъбаи фарҳанг, директории мактаби санъату мусиқӣ ва китобдори ноҳия кадрҳои ғайриихтисосианд. Дар анҷоми соли гузашта баъди таъйиноти кадрӣ дар сатҳи раиси ноҳия барои ишғоли вазифаҳои зикргардида озмун эълон карда шудааст.
Бинобар гуфтаи раиси ноҳияи Вахш агар дар соли 2011 аз буҷети ноҳия барои рушди соҳаи фарҳанг 68 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2012 барои соҳаи фарҳанг аз ин ҳам зиёдтар маблағ хоҳад гардид.
Ҷамолиддин УСМОНИЁН