«Тоҷик Азот» тавони иҷрои пешниҳоди «Тоҷиктрансгаз» - ро надорад

Хабари хуб 10.01.2012 17:18

__Чилахон Қараев раиси шаҳри Сарбанд зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт, ки  интизор меравад дар моҳҳои наздик Корхонаи муштараки «Тоҷик Азот» аз нав ба фаъолият шуруъ кунад. Зеро «Тоҷик Азот» қарзи истифодаи газро, ки 2,6 миллион сомонӣ буд пурра пардохт кардааст.

Дар бораи ин иттилоъ раиси шаҳри Сарбанд иброз дошт, ки инҷо як масъала байни Корхонаи муштараки «Тоҷик Азот» ва ширкати  «Тоҷиктрансгаз» ҳалли худро наёфтааст. Зеро «Тоҷиктрансгаз» пешниҳод дорад, ки корхонаи «Тоҷик Азот» қубури 38 километраи Ёвон-Сарбандро бунёд намуда, бо ин восита гази табииро гирад.
 Аммо масъулини корхона имкони молӣ барои анҷом расонидани ин лоиҳаро надоранд. Ва барои корхонаи мазкур ин пешниҳод харроҷоти ҳангуфтро талаб намуда, ба манфиати иқтисодии он нест.
Ба гуфтаи Чилахон Қараев,- раиси шаҳри Сарбанд, дар шаҳр ба мисли Корхонаи муштараки «Тоҷик Азот» инчунин се корхонаи дигаре мисли Комбинати орд, Корхонаи Пашму пӯст ва Ширкати истеҳсолии «Нури Дилшод» аз фаъолият бозмондаанд, ки дар сурати фаъол шудани онҳо садҳо нафар аз нав ба ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд.

Ҷамолиддин Усмониён


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97