Писари Ҳукумов озод шуд

Хабари хуб 06.01.2012 19:29

mahbas0101Додгоҳи вилояти Маскави Русия Рустам Ҳукумов - писари Амонулло Ҳукумов, раиси Идораи «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистонро аз зиндон озод кардааст.

Константин Рибалов -як тан аз вакилони дифоъ дар Русия, ки ҳимояти ҳуқуқии Рустам Ҳукумовро дар додгоҳ бар ӯҳда доштааст дар ин бора дар торнамои худ маълумот додааст.
Ба навиштаи ҷаноби Рибалов, ба дунболи шикояти ӯ аз ҳукми додгоҳи шаҳрӣ, ки Рустам Ҳукумовро дар қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохта буд,  Додгоҳи Олии Русия бозбинии парвандаи ҷиноии Рустам Ҳукумовро дар ихтиёри додгоҳи вилояти Маскав вогузор кард.
Ҷаласаи бозбинии парвандаи мазкур аз сӯи ҳайати раисаи додгоҳи вилояти Маскав ба таърихи 28-уми декабри соли гузашта сурат гирифт ва ба таъйиди вакили дифои Рустам Ҳукумов, дар ҷараёни мурофиа иттиҳомоти ворида ба нафари зери ҳимояти ӯ тасдиқи худро наёфт ва ба ин далел додгоҳ ҳукми бегуноҳии Рустам Ҳукумовро содир намуд. 
Ва аммо дар моҳи сентябри соли 2010 додгоҳи шаҳри Шелковои вилояти Маскав Рустам Ҳукумовро ба нӯҳуним соли зиндон маҳкум карда буд. Шикояти Рустам Ҳукумов ва вакили дифои ӯ аз болои ин ҳукмро додгоҳи вилояти Маскав дар моҳи декабри ҳамон сол ба баррасӣ гирифт, вале он замон радд шуда буд. Бино ба қавли мақомоти Русия, Рустам моҳи июни соли 2008 ҳамроҳ бо се тани дигар ҳангоми ба фурӯш омода кардани 9 кило маводи мухаддир боздошт шуд.
Константин Рибалов тасдиқ кард, ки айбномаи Рустам Ҳукумов комилан лағв гардида, тибқи қарори додгоҳ, ӯ ҳақ дорад барои пурра сафед шудан аз гуноҳ ариза нависад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97