Интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон бештар ва нархи он камтар мешавад.
Ба дунболи сафари ҳайати баландпояи кишвар таҳти сарварии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 5-уми январ ба имзо расид.
Нархи нави гази Узбакистон барои Тоҷикистон аз 311 доллар барои ҳазор метри мукааб то 285 доллар коҳиш ёфта, қарор аст, Тошканд дар соли 2012 ба Тоҷикистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад. Мояи чунин "гузаштҳо"-и Тошканд маълум нашудааст ва ин пешрафт дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки 4-уми январ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ карда буд.
Бино ба қарордоди соли 2011 Узбакистон мебоист ба Тоҷикистон 180 миллион метри муккааб газ медод, вале, дар маҷмӯъ, ин адад 160 миллион метри муккаабро ташкил додааст. Бахши умдаи ин газ дар корхонаи алюминийи тоҷик ё Талко, заводи семент ва қисман аз тарафи аҳолӣ масраф мешавад.
«Озодӣ»