Эрон Ғарбро барои "ҷанги иқтисодӣ" муттаҳам кард

Хабари хуб 06.01.2012 10:46

Vaziri_Iqtisodi_IronЭрон мегӯяд, ки Ғарб аз роҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ бо Эрон “ҷанги иқтисодӣ”-ро пеш мебарад.

Пештар намояндагони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки онҳо роҷеъ ба манъи вуруди нафти Эрон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия ба тавофуқоти пешакӣ даст ёфтаанд. Шамсиддин Ҳусейнӣ-вазири иқтисоди Эрон ба хабаргузории IRNA гуфтааст, “душманони ҷумҳурии  исломӣ”  натавонистанд “миллати Эронро занҷирбанд кунанд, акнун мехоҳанд иқтисодро занҷирбанд кунанд”. Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон зимни суханони худ дар як нишасти хабарӣ бо Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия дар Теҳрон гуфт, “Эрон ҳамеша омада аст ба чунин аъмоли душманона ҷавоб диҳад ва мо аз ин гуна таҳримҳо нигарон нестем”. Вазири корҳои хориҷаи Фаронса гуфтааст, вазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо 30 январ таҳримҳои зидди Эронро баррасӣ мекунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97