Бо амри раиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, ки раҳбарии дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъйин шуд.
Курсии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон аз моҳи августи соли гузашта баъд аз марги Асадулло Ғуломов холӣ буд.
Ба иттилои расонаҳо, дар курсии раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи кишвар нишастааст. Рустам Менглиев, ки муовини Бахтиёр Худоёров буд, вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ҳамчунин Вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дабири Шӯрои амният таъйин гардида, мақоми вазирии умури дохиларо муовини аввали Абдураҳим Қаҳҳоров - Рамазон Раҳимов соҳиб шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин тағйирот зоҳиран оғози силсилаи тағйирҳо дар ҳайати ҳукумати кишвар аст, ки одатан як бахши онҳо дар ҷаласаи солонаи ҳукумат ҷараён мегирад.
Гуфта мешавад, ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат то поёни ин моҳ сурат бигирад.