"Кабуд" 8,5 сол зиндонӣ шуд

Хабари хуб 05.01.2012 12:59

KabuddddДодгоҳи Олии Тоҷикистон Сафармад Рустамовро дар сӯиқасд ба ҷони Қурбон Чолов айбдор донист.

Додгоҳи Олӣ раиси пешини шӯъбаи "Ориёнбонк" дар ноҳияи Мӯминобод, Сафармад Рустамов, маъруф ба "Кабуд"-ро, дар ташкили сӯиқасд ва нигаҳ доштани ғайриқонунии аслиҳа гунаҳкор дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Бино бар ин ҳукм ҳамчунин молу мулки Рустамов мусодира мешавад. Аммо бар асоси Қонуни афв, аз чаҳор як ҳиссаи ҳукми зиндони ҷаноби Рустамов кам карда шуд.
Додраси мурофиа гуфт, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи Рустамов рӯшан шуд, ки моҳи апрели соли 2000 наздикони фармондеҳи Фронти халқӣ Қурбон Чолов "кафе"-еро, ки марбут ба хонаводаи Рустамов буд, оташ задаанд. Рустамов бо мақсади интиқомгирӣ бо ҳамроҳони худ нақшаи қатли Чоловро тарҳрезӣ кардааст. Ба ин манзур, моҳи майи соли 2000 аъзои гурӯҳи Рустамов, ки бо автоматҳои Калашников, пулемет ва мушакандоз мусаллаҳ буданд, ба худрави Чолов ҳамла карданд, ки дар натиҷа ду нафар аз ҳамроҳони Чолов ҷароҳат бардоштанд.
Рустамов тобистони соли гузашта аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд. Он вақт сарусадоҳое пайдо шуд, ки Рустамовро ба далели ташкили беназмиҳо дар ҷараёни бозии футбол миёни дастаҳои "Равшан" ва "Истиқол" дастгир кардаанд. Аммо ин фарзия баъдан аз сӯи мақомот рад шуд.

"Озодӣ"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97