Паёми Президенти Тоҷикистон ба Ислом Каримов

Хабари хуб 04.01.2012 23:55

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёме ба унвонии Президенти ҳамсоякишвараш Ислом Каримов аз ӯ дархостааст то дар ҳалли мушкили интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон мусоидат кунад.  Тибқи иттилои дафтари матбуоRAHMON_Eтии Вазорати хориҷии Тоҷикистон паёми раиси ҷумҳур ба ҳамтои ӯзбакистонии ӯ субҳи 4-уми январ ба сафири кишвари Ӯзбекистон, ки ба Вазорати хориҷии Тоҷикистон даъват шуда буд, супорида шудааст.

Бинобар гуфтаи Давлат Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷии Тоҷикистон дархостҳои қаблии сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Узбакистон барои ҳалли ин мушкилӣ бенатиҷа мондааст. Ҳаминак муроҷиати расмии дар сатҳи олии кишвар сурат гирифт.
Ончуноне, ки дар сомонаи интернетии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя бар муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори умедворӣ дорад, ки масъалаи мазкур дар рӯзҳои наздик ҳалли мусбати худро меёбад.
Бояд гуфт, ки интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон шурӯъ аз 4-уми январ қатъ гардидааст.  Шавкат Шоимов муъовини аввали раиси ширкати давлатии “Тоҷиктрансгаз” гуфтааст, ки ширкати “Узтрансгаз” бидуни огоҳӣ интиқоли гозро ба Тоҷикистон қатъ кардааст. Ба гуфти Ҷаноби Шоимов бинобар баҳсҳои бобати қиматии газ то кунун миёни ширкатҳои гази Тоҷикистону Узбакистон санади оид ба интиқоли ба имзо нарасидааст. Гуфта мешавад дархостҳои мукаррари ширкати “Тоҷиктрансгаз” аз «Узтрансгаз» барои баррасӣ ва ҳалли ин масъала натиҷае надодааст.
Аз ҷумла, Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон, бо як номаи расмӣ аз ҳамтои ӯзбакистонии худ Рустам Азимов, хостори имзои созишнома дар мавриди интиқоли газ шудааст. Аммо ҷониби Ӯзбекистон дар посух ба ин нома гуфтааст, ки танҳо пас аз анҷоми музокирот бо  воридкунандагони асосии гази Ӯзбекистон - Русия ва Чин, масъалаи интиқоли газ ба Тоҷикистон ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе эълом кардааст, ки ба далели қатъи интиқоли гази Узбакистон, ҳаракати воситаҳои мусофирбарии шаҳр бо мушкил мувоҷеҳ шудааст. Бинобар гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯйи шарҳрдории Душанбе, бинобар мушкили газӣ теъдоде аз афтобус ва мошинҳои гуногунтамғаи мусофирбар, ки бо истифода аз гази табиъӣ ҳаракат мекунанд, аз фаъъолият бозмондаанд.
Шаҳрдории Душанбе аз сокинон хостааст, ки нисбат ба ин "нороҳатии муваққатӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат" кунанд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, онҳо барои ҳалли ин мушкил талошҳое анҷом медиҳанд.
Дар соли гузашта ширкати "Тоҷиктрангаз" бо ширкати "Узтрансгаз" дар мавриди интиқоли 180 милюн метри мукаъъаб гзз ба Тоҷикистон созишномае имзо карда буд, аммо ба далели боло рафтани қимати гази табии танҳо 160 милюн метри мукаъъаб газ ворид карда буд.
Моҳи ноябри соли 2011 ширкати "Узтрангаз" арзиши 1000 метри мукаъъаб гази содиротиро барои Тоҷикистон ба 311 доллари амрикоӣ боло бурд, ки ин қимат дар нисбат бо баҳои қаблии ҳамин миқдор газ 26 доллар бештар буд.
Аслан масрафкунандаи аслии гази воридотии Узбакистон дар Тоҷикистон Корхонаи алюминуми Талко маҳсуб меёбад, ки намояндагони давлат ва ҷомеаи мадании Узбакистон ин корхонаро ба олудасозии ҳаво дар манотиқи марзии кишвари худ бо Тоҷикистон борҳо муттаҳам кардаанд.
Аз ҷумла Ҷунбиши муҳити зисти Узбакистон, ки як созмони вобаста ба давлат ва порлумони Узбакистон хонда мешавад, дар гузашта корзорҳое алайҳи корхонаи олуминиюми Тоҷикистон созмон дода буд.
Равобити байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон аз охирҳои даҳаи 1990 ба ин сӯ тира аст. Ба хусус дар солҳои ахир ихтилофоти ин кишварҳо бар сари тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷануби Тоҷикистон бештар шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97