Қатли “Бобои барфӣ” дар шаби Соли нави мелодӣ

Хабари хуб 03.01.2012 12:11

boboi_barfiБа гузориши сомонаи «Бӣ-бӣ-сӣ», гурӯҳе аз ҷавонони шаҳри Душанбе дар шаби Соли нави мелодӣ нафареро, ки либоси “Бобои барфӣ”-ро дар тан дошт, ба қатл расониданд.

Парвиз Давлатбекови 24-сола, сокини маҳаллаи мавсум ба “Профсоюз”- и пойтахти Тоҷикистон, бо либоси “Бобои барфӣ” барои шодбоши пайвандонаш вориди яке аз биноҳои ин маҳалла шуда ва мавриди сӯйиқасд қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, афроди ҳамлагар, ки ҳудуди 30 нафар будаанд, бо нидои “ту кофирӣ” ба оқои Давлатбеков чанд маротиба бо корд зарба задаанд.

Дар натиҷа, Парвиз Давлатбеков ҷароҳатҳои вазнин бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст. Вале пизишкон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд ва шаби гузашта Давлатбеков фавтидааст.

Пизишкон мегӯянд, ки дар пайи ин ҳодиса Давлатбеков 70 дарсади хуни худро аз даст дода ва гузаронидани хуни нафари дигар низ ӯро наҷот надодааст.

Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳамла бештаре аз аъзои бадани Давлатбеков, аз ҷумла, гурдаҳо, меъда ва ҷигар ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, афроди ҳамлагар се нафар аз ҳамроҳони Давлатбековро низ мавриди лату куб қарор додаанд, вале ин се нафар ҷароҳатҳо бардошта ва зинда мондаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин афрод баъд аз ҳамла ба ин чаҳор нафар боз тӯли чанд соат дар маҳаллаҳои мухталифи Душанбе даст ба авбошӣ задаанд.

Манобеи пулиси кишвар ба далели рӯзи таътил барои шарҳи ин хабар ҳозир нашуданд. Вале маъмурони пулис, ки дар бемористони Қарияи Боло барои таҳқиқи ин ҳодиса ҳозир шуда буданд, гуфтанд, ки се тан аз афроди гумонбар дар ин қазия боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ин се нафар шогирдони яке аз мактабҳои пойтахти кишвар буда ва дар гузашта низ даст ба ҷиноят задаанд. Ҳамчунин шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шаби якуми январ ба ин бемористон чанд тан аз сокинони дигар бо ҷароҳатҳои сангин интиқол шудаанд.

Зимнан, барои бори нахуст аз қатли “Бобои барфӣ” дар Тоҷикистон гузориш мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир соҳибназарон аз шиддати исломгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон изҳори назар мекунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97