Мурофиаи додгоҳии Муборак аз сар гирифта мешавад

Хабари хуб 03.01.2012 10:07

MuboraKKKKKKИнтизор аст, ки имрӯз мурофиаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак-президенти барканоршудаи Миср аз сар гирифта шавад.

Дар ин мурофиа додситонҳо бо далелҳо Ҳуснӣ Муборак ва ҳамдастонашро дар куштори бештар аз 800 нафар тазоҳуркунанда дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳои зиддидавлатӣ муттаҳам хоҳанд кард. Ҳуснӣ Муборак тақрибан 30 сол дар сари ҳокимият қарор дошт. Имрӯз ба ҷуз аз Мубораки 83 сола вазири корҳои дохилаи вай ва ду писараш барои даст доштан дар ин кушторҳо муҳокима хоҳанд шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97